Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат намоянд. Дар ин хусус Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 сентябр зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор ибрози андеша намуданд.

«Мо, бо назардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ба кӯшишҳои мо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар баробари муҳокимаи робитаҳои дуҷониба, инчунин оид ба рӯзномаи ҳамоиши мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табодули андеша намуданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор

Муҳтарам ҷаноби Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

Ҳамчунин, кишварҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро роҳандозӣ карда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад.

Страницы