Ахбор

Дар Тоҷикистон иҷозатномаи ворид намудани интернет ба ду ширкат супорида шуд

17 ноябр Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «ТТ Мобайл» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «Индиго Тоҷикистон» иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии интернетро супорид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд

17 ноябр Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар

Охири моҳи ноябр дар Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад

Охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Даври чоруми озмун тариқи барномаи махсуси компютерӣ, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳия гардидааст, гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов иштирок намуданд

17 ноябр дар доираи сафари корӣ ва дар ҳошияи ҷаласаи пленарии 56-уми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Страницы