Баррасии вазъи воқеии офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои он таҳти роҳбарии раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ сурат гирифт, масъалаи вазъи воқеии офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои он, ки рӯзҳои охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат сар зада, боиси хисороти моддӣ ва талафоти ҷонӣ гардид, баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа изҳор дошт, бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ки боиси об шудани пиряхҳо гардид, инчунин боришоти рӯзҳои охир ва баланд шудани сатҳи дарёҳо дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт обхезӣ ба амал омад.
Сардори давлат бо таассуф изҳор кард, ки дар баробари расондани хисороти зиёди моддӣ ба минтақаҳо, ин офатҳо боиси ҳалокати одамон гардид.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин талафоти ҷонӣ мардуми кишварро бетараф гузошта наметавонад ва Сардори давлат ба наздикони қурбониёни офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ баён кард.
Вобаста ба иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба зарардидагон ва фаъолияти комиссияи давлатию ситоди ҷумҳуриявӣ, ки роҳбарии онро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ӯҳда дорад, Сарвазири ҷумҳурӣ ҳисобот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки аз лаҳзаҳои нахустини сар задани офат бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фавран комиссияи хукуматӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату кумитаҳои давлатӣ таъсис дода шуда, дар маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рашт фаъолият доранд ва ба мардуми аз офат зарардида кумакҳои саривақтӣ мерасонанд.
Маълумот дода шуд, ки аз офатҳои табии рӯзҳои охир сар зада дар маҷмуъ ба сокинони ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар минтақаи Рашт ноҳияҳои Рашт,Тавилдара, Ҷиргатол ва дар вилояти Суғд ноҳияҳои Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ низ зарар дидаанд.
Баъди шунидани ҳисоботи Сарвазири мамлакат Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, бобати ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, расондани кумакҳои моддӣ ба зарардидагон, ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил, дастрасии онҳо ба маводи ғизоӣ, доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ ва дигар маводи ниёзи аввал дастуру супоришҳо дод.
Сардори давлат супориш дод, ки оилаҳое, ки аз офат манзили зисташон пурра зарар дидааст дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва ба нафароне, ки хонаҳояшон қиман зарар дидааст дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ кумакҳои як вақтаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон расонда шавад.
Инчунин ба вазорати молия ва бонки давлатии амонатгузории Точикистон Амонатбонк супориш дода шуд, ки барои зарардидагони офати табиӣ суратҳисоби махсус бо пули миллӣ ва асъори хориҷи кушода шавад, то ин ки мардуми саховатпешаи мамлакат барои бартараф кардани оқибатҳои офат ба ҳамдиёрони хеш кумак намоянд.
Ҳамчунин Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф, Дирексияи сохтмони иншоотҳои хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумхурии Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати иттифоқи тоҷикматлубот ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дар муҳлатҳои кутоҳтарин бунёд кардани мактаб, бунгоҳи тиббӣ, мағозаи молҳои ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ва сохтмони дигар инфрасохтори зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи саховатпеша барои бунёди манзили истиқоматӣ барои зарардидагон талош карда, то охирин маводи зарурии рузғор ба онҳо кумак расонанд.
Супоришҳои дигар ҳамчунин оид ба пурзур кардани корҳои соҳилмутсаҳкамкунӣ ва пешгирии дигар офатҳои табиӣ дода шуд.
Сардори давлат супориш доданд, ки ҳарчи зудтар хати интиқоли неруи барқ, об, алоқа, роҳу пулҳо ва дигар шароити зарурии гигиенӣ барои сокинони минтақаҳои зарардида таъмин карда шавад.
Корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ вусъат дода шуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешинҳод карда шавад.
Сардори давлат Эмомали Раҳмон инчунин дар бораи фаъолияти ҳамарӯзаи комиссияи давлатӣ ва ситоди чумҳуриявӣ ба масъулини хукумати мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.