Гирдиҳамоиҳо ба ҷонибдории Ҷабҳаи муқовимати миллӣ

Бино ба иттилоои  шабакаи телевизионии Евронюс дар шаҳрҳои Кобул, Қандаҳор, Ғазнӣ ва дигар шаҳру вилоятҳои Афғонистон   ба  ҷонибдории   Ҷабҳаи миллии  муқовимати Афғонистон дар Панҷшер, ки роҳбарияшро Аҳмад Масъуд ба уҳда дорад гирдиҳамоиҳо доир мегарданд. Шаби 7 сентябр дар чанд шаҳри Афғонистон ҳамоишҳои оммавӣ ба ҷонибдории неруҳои муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшери шимоли Афғонистон баргузор шуданд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи  маҳаллии «Герат таймс».

Сокинони шаҳрҳо ҳамин тавр ба ҷабҳаи муқовимат, ки ба ҳаракати радикалии “Толибон” итоат намекунад, изҳори ҳамбастагӣ карданд. Хабар дода мешавад, ки афғонҳо дар Кобул даъвати роҳбари ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъудро барои муқовимат бо толибон, инчунин зидди сиёсати мақомоти Покистон, ки бо радикалҳо ҳамкорӣ мекунад, дастгирӣ карданд. Илова бар ин, эътирозҳои мардумӣ дар музофоти марказии Дайкундӣ, инчунин дар шаҳрҳои Ғазнӣ ва Ҳирот дар шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон баргузор шуданд.

Бино ба иттилои як расонаи дигари афғонӣ- “Афғонистон таймс”, раҳпаймоии оммавӣ дар чаҳорумин шаҳри бузурги ин кишвар- Мазори Шариф, воқеъ дар шимоли кишвар баргузор шуд. Эътирозкунандагон бо овози баланд «Зинда бод Аҳмад Масъуд!» нидо карданд. Хабар дода мешавад, ки ҳангоми ҳодисаҳои эътирозӣ ягон воқеа нохуш рух надодааст. Ҳамзамон маълум гардид, ки собиқ сардори раёсати амнияти миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набил эътирозгаронро ҷонибдорӣ намуд.

Аз рўи маълумоти шабакаи телевизионии Евронюс дар Афғонистон дар самти  ба таҳсил фаро гирифтани духтарон дар муассисаҳои таълимӣ мушкилот ва монеаҳои зиёд мавҷуд аст.

Танҳо дар як муассисаи таълимии миёнаи шаҳри Мазори Шариф, ки барои беш аз 4 ҳазор хонанда пешбини шудааст,  шумораи хонандагон  ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Маҷбур ба шавҳар додани  духтарон  пас аз хатми синфи 6 низ зиёд гардидааст.

Дар мактабҳо духтарон  танҳо ҳуқуқи таҳсил то синфи 6 доранд, ки ин нобаробарии  ҳуқуқ байни занону мардон ва поймол намудани  ҳуқуқи инсон дар Афғонистон дарак медиҳад.

Дар гирдиҳамоиҳои оммавӣ  махсусан занон аз гуруҳи толибон талаб доранд, ки ҳуқуқу озодиҳои занону духтаронро эътироф намуда, онҳоро дар корҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ҷой диҳанд.

Аз рўи маълумоти намояндагони Созмони умумиҷаҳони тандурустӣ дар ҳудуди Афғонистон 90 дар сади фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ қатъ карда мешаванд.

Ба гуфтаи намояндагони СУТ барои идома додани фаъолияти беморхонаҳо маблағ, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ намерасад.

Коршиносон иброз медоранд, ки, вазъи мураккаб, мавҷуд набудани муносибати қонунӣ, бахусус   риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон дар Афғонистон боис гардидааст, ки шумораи аҳолии гурезаи Афғонистон ба маротиб афзоиш ёбад.