Зимни ироаи Паёми Пешвои миллат дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз соати 06-00 то 14-00 барқ дода мешавад
22 декабр, ки тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ аз соати 10-00 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман пешкаш мегардад, дар ҷумҳурӣ аз соати 06-00 то 14-00 барқ дода мешавад.
«Ин тадбир ба он хотир роҳандозӣ мегардад, ки шаҳрвандони кишвар имкон пайдо намоянд аз Паёми Президент мустақиман огоҳ шаванд»,-шарҳ дод манбаъ.
Зимнан ШСХК «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш менамояд, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд.
АМИТ «Ховар»