Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД баргузор мегардад

Имрӯз, 16 сентябр дар Қасри миллат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар кори ҷаласа Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (тариқи видоеконференсия) ва Котиби генералии СААД Станислав Зас иштирок хоҳанд кард.

Сарони кишварҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар марҳилаи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор намуда, инчунин маълумотро дар бораи самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Арманистон дар СААД мешунаванд.

Аз натиҷаи иҷлосия қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор ба нақша гирифта шудааст.

Саммити Душанбе ба давраи чорабиниҳои ниҳодҳои оинномавии СААД дар доираи раисии Тоҷикистон хотима мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар»