Китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Пешвои миллат ғолиби озмуни байналмиллалии ИДМ гардид

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия  натиҷаи озмуни 7-уми байналмилалии кишварҳои иштирокдори  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Санъати китоб», ки аз ҷониби Шўрои байнидавлатии ҳамкорӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардўстонаи давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ташкил карда шуда буд,  эълон гардид.

Дар озмун 155 асар аз 11 давлат, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи  Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Эстония пешниҳод шуд.

Ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ба китобҳо аз рўи  9  номинатсия, аз қабили «Иттиҳод», «Кишвари ман», « Китоб  барои  кўдакон ва наврасон», «Ҳамзамони мо», «Илм ва ҳаёт», «Китоби бадеӣ», «Гран-При» ва «Ғалаба» баҳо доданд.

Китоби Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ки аз ҷониби Муассисаи табъу нашри «Ирфон»-и шаҳри Душанбе соли 2009 ба чоп расидааст, дар номинатсияи «Илм ва ҳаёт» ғолиби озмун эълон  карда  шуд.

Ҳамзамон  дар номинатсияи «Китоб барои кўдакон ва наврасон» асари шоири адабиёти классики тоҷик Убайди Зоконӣ-китоби осори мунтахабӣ, ки аз ҷониби муассисаи табъу нашри «Маориф ва фарҳанг» чоп гардидааст, ғолиб дониста шуд.

Натиҷаи озмун дар доираи намоишгоҳи 23-уми байналмилалии китоби Москва, ки дар пойтахти  Федератсияи Русия  эълон гардид.