Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар “Чорухдарон” ба анҷом расиданд

Дирӯз маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, ки 14 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд оғоз гардида буданд, дар машқгоҳҳои низомии «Чорухдарон» бо муваффақият ба анҷом расиданд.
Тавре аз  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар маросими ҷамъбасти ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуданд.
Машқҳо таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор шуданд.
Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар 4 марҳила дар машқгоҳҳои низомии «Чорухдарон» ва «Нурафшон» ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Зимни баргузории он захираҳои эҳтиётии даъватшавандагони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда истифода гардид.
Дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва масъулини тамоми сохторҳои қудратӣ ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпарронӣ аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, силоҳу муҳимоти сабуки ҳарбӣ ҷалб карда шуданд.
Дар машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, ки бо мақсади сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ доир шуд, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Суғд, аслиҳаи мухталифи оташнишон, 10 адад авиатсияи ҷангӣ, наздики 200 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, 70 адад техникаҳои артиллерӣ ва зиёда аз 450 адад техникаҳои автомобилӣ истифода гардиданд.
Зимни машқҳо бо фармони Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо як гурӯҳ иштирокчиёни машқҳои муштарак бо сипосномаву медалу рутбаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба чанд нафар аз иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.
АМИТ "Ховар"