РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор шуд
30 ноябр дар маркази матбуотии Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ дар Женева хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Словения ва созмони «Geneva Water Hub» ташкил карда шуда, меҳвари он ба баррасии масъалаҳои обу сулҳ ва робитаи онҳо бо Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» равона шуда буд.
Зимни ҳамоиш Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар шаҳри Женева Ҷамшед Ҳомидов ва Роҳбари раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейҷден ба ҳайси мизбонони Конфронси СММ оид ба об, ки соли 2023 дар ш. Ню-Йорк доир мегардад, суханрониҳои ифтитоҳӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Ҷамшед Ҳомидов аҳаммияти масъалаи обро дар партави тағйирёбии иқлим таъкид карда, ширкаткунандагон ва намояндагони кишварҳои узвро ба густариши талошҳо дар ҳалли мушкилоти об даъват намуд. Ҳамзамон муҳим будани Даҳсолаи амал ва суръат бахшидан ба амалиёти ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об аз ҷониби кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор зикр гардид.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.
Конфронси оби СММ баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
АМИТ «Ховар»