Таҷлили Меҳргон

Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон барномаҳои фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардиданд. Дар расми ифтитоҳи ин маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Зокирзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон Изатулло Сатторӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Дар мавзеи «Деҳаи шарқӣ» ва амфитеатри «Боғи Ирам» намоиш-фурӯши маҳсулоти донагӣ ва дар даромадгоҳи боғ маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди ангур, себ, анор, картошка, пиёз, сабзӣ, каду, тарбуз ва харбуза ба намоиш ва фурӯш бароварда шуданд.
Инчунин дар ин ҷашнгоҳ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва Оркестри эстрадии «Гулшан» баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Академияи илмҳои кишоварзӣ роҳандозӣ гардида, он пагоҳ, 16 октябр низ идома меёбад.

АМИТ «Ховар»