ХАБАРИ ФАВРӢ! Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ барои овардани доруворӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташкил гардид

Бо мақсади дастрас намудани маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ  хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи конронавирус-COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»хабар доданд.

Дар пайравӣ ба ин иқдоми наҷиб роҳбарияти  ширкатҳои ватанӣ низ  дар пайи он ҳастанд, ки баҳри солимии аҳолии Тоҷикистон ва дастгирии қишри ниёзманд  бо маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба эҳсонкорӣ  рӯ оваранд. Аз ҷумла, бо хатсайри махсус ширкати ватании «Ориёнфарм» аз Ҷумҳурии Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ   ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолии  мамлакат  бо маводи зарурӣ  дар ин давраи ҳассос  ва таъмини саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони Ковид-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.

Тасмим меравад, ки рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкорӣ такрор меёбад ва бо ин васила дар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа саҳмгузорӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем,  ки дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ дар самти таъсиси беморхонаҳои нав барои қабули беморон, фаъолияти шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои давлатӣ баҳри эмин нигоҳ доштани  саломатии аҳолӣ ва сокинони пойтахти  мамлакат, инчунин ба таври доимӣ гузаронидани безараргардонии иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ  корҳои назаррас роҳандозӣ мегарданд.

АМИТ «Ховар»