ХИЗМАТ БА ВАТАН — РИСОЛАТИ ФАРЗАНДӢ. Ҷавонони Тоҷикистон ҳомии Ватан ҳастанд ва ояндаи давлату миллат ба далериву шуҷоати онҳо вобаста аст

Мафҳуми Ватану ватандӯстиро ҳамагон хуб дарк мекунанд. Садоқату муҳаббат ба Ватан маҳз дар ҳолатҳои нозуку ҳассос, афтидану хестанҳо, сахтиву душвориҳо, талошу набардҳо озмуда ва ҳосил мегардад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал то инҷониб  фарзандони зиёде ба воя расонидааст, ки барои Ватан корҳои бузург анҷом додаанд ва он имрӯз барои мо дарси ибрат мебошад. Дар робита ба ин мавзуъ  хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода  бо сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии мамлакат Зуҳуриддин Асрорзода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Зуҳуриддин Асрорзода, ба андешаи Шумо имрӯз чӣ гуна метавон номуси миллӣ ва ифтихори соҳибватаниро дар қалби  ҷавонону наврасон ҷой кард?

Зуҳуриддин Асрорзода: Мафҳуми номуси миллӣ ва ифтихори соҳибватанӣ аз ҷумлаи рисолатҳои муқаддас ва пуршараф барои ҳар нафари ватандӯст ба шумор меравад. Бешак, мафҳуми ватану ватандӯстӣ барои ҳама фаҳмост. Чунки дар ашъори шоирони гузаштаву имрӯза ин мавзуъ дар ҷои аввал меистад. Агар ба таърих назар афканем, бисёр ҷавонмардонеро мебинем, ки барои ватани худ корҳои бузурге анҷом додаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» 24 декабри соли 2022 қабул гардид. Ин қонун ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Ҳамчунин дар қонуни мазкур мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ чунин шарҳ дода шудааст:

Ватан — Тоҷикистон, мамлакати азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд.

Ватандӯстӣ — муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан.

Ҳамчунин дар ин қонун масъалаҳои дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбия, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, ҳисси шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳо танзими ҳуқуқии худро ёфтааст.

Дар баробари ин, тибқи моддаи 3-и Қонун мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон чунин муайян карда шудааст:

  1. Мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз инҳо иборат аст:

— ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ  дар  ниҳоди шаҳрвандон;

— тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти  хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори  давлат;

— ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди  сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкорӣ ба нафъи ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар намудҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти онҳо алоқаманд аст.

  1. Вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон инҳо мебошанд:

— ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо;

— ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар  тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот  ба рушди минбаъдаи онҳо;

— фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муносибат бо назардошти манфиат ва талаботи онҳо;

— тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳими шахс, ки дар ғамхорӣ ба  некуаҳволии давлати худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегардад;

— тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳими зиндагӣ, майли ба манфиати  ҷомеа ва давлат меҳнат кардан;

— ташаккули талабот ба рушди маънавию ахлоқӣ,  пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор  дар коллективи меҳнатӣ.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади тарбияи ватандӯстиву худшиносони миллии ҷавонону наврасон ва ҷалби онҳо ба хизмати Ватан-Модар чорабиниҳои заруриву саривақтӣ ба роҳ мондааст ва мемонад. Гузашта аз ин, ҳар узви ҷомеа бояд барои расидан ба ин ҳадафҳо саҳми арзанда гузорад.

Ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидору пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тавре ки Пешвои миллат барҳақ мефармоянд: «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама мояи  ифтихори мо мебошад».

Ҳамзамон бояд ҳар шахс ватани худро дӯст дорад ва хизматашро мардонавор ба ҷо оварад ва ифтихор кунад, ки зодаи чунин ватани зебо аст.  Шоири англис Ҷорҷ Байрон мегӯяд: «Касе, ки ватанашро дӯст намедорад, ҳеҷ чизи дигарро дӯст дошта наметавонад». Ватандӯстдор будани худро мо бояд дар суханони хушку холӣ нишон надиҳем, балки барои ватани худ хизмат кунему дар ободониаш саҳм гузорем.

АМИТ «Ховар»:  Ҳар ҷавон вазифадор аст, ки дар мактаби шуҷоат ва мардонагӣ сабақ омӯхта, таҷриба андӯхта, ҳамчун фарзанди бонангу ори Ватан ба камол расад. Мояи ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу баномус ба таври бесобиқа меафзояд…

Зуҳуриддин Асрорзода:  Бале, ҷавонон ҳамчун соҳибватанони асил ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки давлатро маҳз ҳамсолони далеру шуҷои онҳо ҳимоя мекунанд, зеро падару модар ва Ватан аз рӯзи ба дунё омадани фарзанд дар хизмати ӯ қарор доранд, барояш шароити зарурӣ фароҳам меоранд. Вақте ки фарзанд бузург шуд, бояд ба қадри заҳмату хизматҳои падару модар ва Ватан бирасад,  Ватанро чун гавҳари чашм дӯст дораду ҳифз намояд.

Махсусан, дар хизмати ҳарбӣ ҷавонон дарси шуҷоат омӯхта, дар машқҳои ҳарбӣ обутоб меёбанд, ба қадри Ватан, падару модар, сарзамини аҷдодӣ ва қадру қимати ҳар ваҷаб хоки диёр мерасанд. Дарк мекунанд, ки онҳо ҳомии Ватан ҳастанд ва ояндаи давлату миллат аз далериву шуҷоати онҳо вобастагии зиёд дорад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар  Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи мудофиа пешравиҳо назаррас буда, шароит барои адои хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. Ин аст, ки теъдоди ихтиёриён ба сафи хизмати ҳарбӣ сол ба сол меафзояд. Ин масъаларо Шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Зуҳуриддин Асрорзода: Хидмат ба Ватан-Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳар ҷавони бонангу номус вазифадор аст, ки хизмати Ватанро ба ҷо орад. Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат кардан дар сафи Артиши миллии Тоҷикистонро ифтихори баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки «барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар хизмат ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».

Аз ин рӯ, меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан-Модар онҳоро ҳушдор медиҳад, ки худашон ихтиёрӣ ба хизмат раванд. Аслан, хизмат ба Ватан- ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хуб аст, ҷавонони мо бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд.

Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ низ дар ҳимояти марзу буми мамлакат саҳм гузошта, дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи қори худ қарор додаанд. Соли сипаришуда ду корманди мо бо ихтиёри худ дар вазъияти тантанавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, ҳоло қарзи шаҳрвандии худро адо карда истодаанд.

Мувофиқи қонун ҷойи кори онҳо нигоҳ дошта шуда, дар давраи як соли дар хизмат будани онҳо собиқаи хизмати давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ғайр аз ин, шахсоне, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд, онҳо 3 холи ҳавасмандгардонӣ доранд.

АМИТ «Ховар»:  Барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ қонунгузорӣ чӣ тадбирҳоро пешбинӣ кардааст?

Зуҳуриддин Асрорзода:  Мувофиқи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва  алтернативӣ  ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

  1. Саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин саркашӣ кардани шахси уҳдадори ҳарбӣ аз ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷиши ҳарбӣ дар ҳолати набудани асосҳои қонунӣ барои аз ин хизмат озод намудан, — бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо   ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
  2. Саркашии шахсони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда аз адои хизмати алтернативӣ, — бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2004,№35).
  3. Саркашӣ аз даъвати хизмати ҳарбии ҳатмӣ ё алтернативӣ бо роҳи:

а) ба худ расонидани зарар  ба саломатӣ;

б) бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ё фиреби дигар, — бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

АМИТ «Ховар»: Агар даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгоҳ ҳозир шавад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад?

Зуҳуриддин Асрорзода: Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки нисбат ба 108 нафар бо моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Амалияи судӣ собит месозад, ки аз ин миён яке аз онҳо, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ба гуноҳаш иқрор буда, афсӯс мехӯрад, ки аз кардааш сидқан пушаймон аст. Дар айни ҳол уҳдадории конститутсионии худро оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он дарк карда, мехоҳад бо ихтиёри худ барои хизмати Модар — Ватан ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад.

Бо ин назардошт суд чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтанро нисбат ба айбдоршаванда ба забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат иваз намуда, барои ихтиёран адо кардани қарзи шаҳрвандиаш- ҳимояи Ватан — Модар имконият додааст. Номбурда бо ихтиёри худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузашта, қобили хизмати ҳарбӣ эътироф гардида, минбаъд ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Бо ин асосҳо парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба чунин шахс бинобар тағйир ёфтани вазъият қатъ ва ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Азбаски ҷинояти дар қисми 1 моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи дараҷаи начандон вазнин дохил мешавад, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар пушаймонӣ аз кирдор қатъ ва судшаванда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудааст. Вале баъди озод шудан ба ҷойи он, ки ислоҳ шудани худро исбот намуда, ихтиёран барои иҷрои уҳдадории конститутсиониаш- ҳизфи Ватан-Модар ба хизматӣ ҳарбӣ равад, аз он саркашӣ карда, аз Тоҷикистон берун рафтааст, ки ин ҳолат барои аз нав оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо қисми 1 моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва нисбат ба ӯ  кофтуков эълон карда шудааст.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки моддаи мазкури Қонуни ҷиноятӣ такмил дода шуда, пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо нисбат ба шахсоне, ки аз хизмати Модар – Ватан саркашӣ мекунанд, мувофиқи мақсад мебошад.

АМИТ «Ховар»: Барои суҳбати самимӣ ташаккур.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»