Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар “Чорухдарон” ба анҷом расиданд
Нашр шуд. Ҷум, 18/08/2017 - 10:23Дирӯз маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, ки 14 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд оғоз гардида буданд, дар машқгоҳҳои низомии «Чорухдарон» бо муваффақият ба анҷом расиданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар маросими ҷамъбасти ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳия Панҷ
Нашр шуд. Ҷум, 18/08/2017 - 09:11Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ хамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳия, ки дар деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов баргузор гардид, боздид ба амал оварда, бо намунаи дастранҷи меҳнаткашони ноҳия шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ якчанд намуд маҳсулоти нониву қанодӣ намунаи истеҳсоли анвои ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ ва намудҳои гуногуни мева аз қабили ангуру олу, анор, нок, себ, шафтолу ва дигар меваҳои ширин ба маъраз гузошта шуда буд.
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Панҷ
Нашр шуд. Ҷум, 18/08/2017 - 08:50Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба кулли сокинони сарбаланду меҳмондӯсти ноҳияи Панҷ барои заҳмати содиқона ба хотири ободии Ватан ва пазироии самимии Роҳбари давлат арзи сипос менамоям ва ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи вусъати амалҳои созандаатон ба хотири пешрафту тараққиёти кишвари маҳбубамон барору комёбиҳо орзумандам.
Муқимӣ будан дар соҳили рӯду мавзеъҳои дорои обҳои фаровон ба халқи куҳанбунёди мо, хусусан сокинони заҳматпешаи ноҳияи Панҷ имконият додааст, ки тавассути шуғлҳои асосии зиндагисоз, ба монанди зироаткор
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ ва мулоқоти Пешвои миллат бо сокинон
Нашр шуд. Ҷум, 18/08/2017 - 08:49ар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ иншооти муҳими соҳаи варзишро ифтитоҳ карда, онро ба ҷавонони ноҳия ва варзишгарон тақдим намуданд.
Корҳои азнавсозии варзишгоҳ соли 2015 оғоз гардида, бо сифати ба талаботи стандартҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ дар р