Мулоқот бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия
Нашр шуд. Чор, 15/10/2014 - 21:03Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 нафар аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Русия баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ба кору фаъолияти пурсамари муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксари кулли онҳо бо