Маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Нашр шуд. Сеш, 20/05/2014 - 16:0619.05.2014. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳи ин намоишгоҳи бошукӯҳро ба ҳозирин ва кулли мардуми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ табрику таҳният гуфт.