Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон

Барномаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
Барои анҷоми ин маросим дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани суруди миллии ду кишвар, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи саломи меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Маросими истиқбол бо гузашти мутантани ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз ёфт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим, аз ҷумла барои рушди ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва соҳаҳои саноати нассоҷӣ,  таҳсилоти касбӣ, забономӯзӣ ва китобдорӣ дар назар аст.

www.president.tj