Шиносоӣ бо кори намунавии хоҷагии деҳқонии Навбаҳори ноҳияи Қубодиён

Дар ҷамоати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аъзои хоҷагии деҳқонии Навбаҳор бевосита шинос шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ 22 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, дар 15 га пахта ва дар 7 гектари он шолӣ кишт намудаанд.
Шолии хоҷагӣ кишти такрорӣ буда, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум корида шудааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҷамъоварӣ кардаанд ва бовар доранд, ки аз шолӣ ҳам 50 сентнерӣ ба даст меоранд, зеро ҳосили он фаровон аст.
Шолии ин хоҷагӣ аз кӯчати он ба таври дастӣ дона-дона шинонда мешавад.
Ба иттилои роҳбарияти ноҳия дар 1,5 ҳазор га заминҳои ин ноҳия шолӣ кишт карда шудааст ва аксари ин заминҳо ҳосили фаровон доранд. Тибқи ҳисоби пешакӣ 7-8  ҳазор тонна шолӣ бояд рӯёнда шавад.