Боздид аз ноҳияи Шаҳритус

Аз ноҳияи Носири Хусрав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Дар даромадгоҳи ноҳия мардум Сарвари давлатро бо муҳаббату самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввал корхонаи абрешимресии Дук ба кор дароварда шуд, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад.
Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 5 милион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Додарбек Мунавваров бунёд ёфтааст. Дар он 50 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, соҳиби кори доимӣ шуда, хеле хушҳол гардидаанд.
Ин корхона бо технологияи муосири чинӣ муҷаҳҳаз шуда, имкон дорад, ки дар як сол беш аз 70 тонна пиллаи хомро коркард намуда, аз он риштаи хушсифати абрешим истеҳсол намояд.
Бо назардошти он,  ки танҳо дар ноҳияи Шаҳритус ин миқдор пиллаи хом истеҳсол намешавад, соҳибкор Додарбек Мунавваров бо пиллакорони 5 ноҳияи минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш ба роҳ мондааст. Ӯ пиллакории онҳоро сармоягузорӣ карда, маҳсулоташонро барои коркард харидорӣ мекунад. Гузашта аз ин, ин соҳибкор дар назди корхонааш ҳам парвариши инноватсионии пиллапарварӣ ташкил намудааст. Дар ин ҷо ӯ бори аввал парвариши такрорӣ ва ё тирамоҳии пилларо ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда, бовар дорад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.
Чунонки иттилоъ доданд, ин соҳибкор бо шарикони ватанию хориҷиаш ҳамчунин 100 ҳазор бех ниҳолҳои хушсифати тут шинондаанд, ки бо технологияи пешрафта нигоҳубин карда мешаванд.
Дар назди ин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи дуюми ин соҳибкор, ки барои атласбофӣ пешбинӣ шудааст, оғоз бахшид.
Тавре зикр гардид, 40 нафари дигар дар ин корхонаи атласбофӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Иқтидори лоиҳавии ин корхона имкон медиҳад, ки дар як басти корӣ ё худ 8 соат беш аз 500 метри мураббаъ атласи хушсифати бозоргир истеҳсол шавад.
Тибқи нақша сохтмони ин корхона бояд дар муддати якуним сол ба анҷом расонда шавад.