Иштирок дар форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт”

Имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт» баргузор шуд.
Дар форуми мазкур беш аз 500 нафар соҳибкорону сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, намояндагони дипломатии кишварҳои ҷаҳон, олимону коршиносони варзида, корхонаю ҷамъиятҳои хоҷагидори пуриқтидор ва роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ иштирок намуданд.
Дар оғози форум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: Соҳибкорӣ - муҳаррики иқтисодиёт” хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кард, ки ин ҳамоиши муҳим натиҷаҳои судбахш хоҳад дошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши назарраси бахши хусусӣ, ки саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 зиёда аз 63 фоизро ташкил додааст, ёдовар шуда, зикр намуд, ки имрӯз бахши хусусӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ободонӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистон ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо доранд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти фарогир нишондиҳандаҳои кишвар дар гузориши ҳарсолаи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» хеле беҳтар гардида, дар солҳои 2010 ва 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари ислоҳотгар шомил шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори боварӣ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва содда гардондани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ибрози назар намуда, таҳким бахшидани ҳамкории мутақобилан судмандро дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм ва нақлиёту коммуникатсия мувофиқи мақсад номид.
Оид ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки дар онҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайра шароити созгору имтиёзнок фароҳам оварда шудааст. Барои фаъолияти бемонеа ва самарабахши соҳибкорону сармоягузорон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ маҷмӯан зиёда аз 40 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳо, аз ҷумла вобаста ба андозсупорӣ ва амалиётҳои гумрукӣ муайян шудаанд. Таъкид гардид, ки қонунгузории Тоҷикистон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт - бахшҳои энергетикию истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди пурраи алюминий, пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ имтиёзҳои махсуси иловагӣ ҳам муайян намудааст.
Дар фарҷоми суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуд, ки натиҷаҳои кори форум ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон такони тоза хоҳад бахшид.
Дар ифтитоҳи форум ҳамчунин Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма, Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю, роҳбари ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО Сангӯда-1 Павел Лавров, раиси ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин Чен Ин Сян ва директори кулли Ширкати “Шиевер Тоҷикистон” Фредерик Лоб суханронӣ намуданд.
Дар фароварди қисмати ифтитоҳӣ зикр гардид, ки форуми мазкур дар ҷаласаи пленарии “Тоҷикистон-стратегияи рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат” ва 5 бахши алоҳидаи дигар бо мавзӯъҳои умумии «Рушди низоми устувори молиявӣ», “Сармоягузориҳо ба бахши энергетика”, “Рушди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ тавассути соҳибкорӣ”, «Сармоягузориҳо ба коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва «Имкониятҳо ва бартариятҳои рақобатии соҳаи агробизнес» идома меёбад.