Мулоқот бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 нафар аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Русия баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ба кору фаъолияти пурсамари муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксари кулли онҳо бо заҳмати бенуқсон ва одобу ахлоқи накуяшон соҳиби обурӯю нуфуз шудаанд, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Федератсияи Русия манфиатдоранд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фазои будубош ва кору зиндагии тоҷикон дар Федератсияи Русия бояд дар худи Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ ва ҳунаромӯзии касони ба муҳоҷирати корӣ раванда хуб ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди роҳбарони ҷамъиятҳоро доир ба таъсиси як созмони умумирусиягии тоҷикони муқими ин кишвар хуш пазируфта, таъкид дошт, ки тавассути ин созмон бояд фаъолияти тоҷикон хуб ҳамоҳанг карда шавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тоҷикони муқими ин кишвар минбаъд ҳам омили муҳими таҳким ва густариши робитаҳои судбахши Тоҷикистон ва Федератсияи Русия хоҳанд буд.