Мулоқот бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош

Дар суҳбат бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: -“Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷонибаи худ бо Амороти Муттаҳидаи Араб қаноатманд ҳастем ва омодаем, ки барои таҳкиму густариши бештари онҳо саъю талош варзем”.
Зикр гардид, ки Аморот дар байни кишварҳои араб имрӯз шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳам ягона кишвари арабӣ аст, ки бо Тоҷикистон хатсайри мустақими ҳавоӣ дорад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Аморот, бахусус дар арсаҳои иқтисодӣ, ҳанӯз сатҳи сазоворро касб накардаанд ва онҳо дорои имкониятҳои фаровони истифоданашуда мебошанд.
Ба иттилои Абдулло Ғаббош Амороти Муттаҳидаи Араб ба густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва оби ошомиданӣ ҳавасмандии амиқ дорад.
Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши муносиботи судманди гуногунҷанба таъкид доштанд.