Суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратура пешниҳодшуда

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори содиқонаю софдилона, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва умуман таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ҳидоят намуд. 
Ҳамин тариқ, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Рашт ва Хоруғ, прокурори нақлиётии вилояти Суғд, сардорони ду раёсати Прокуратураи генералӣ ва машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуданд.