Ташриф ба қароргоҳи ширкати Ҳайчен групп дар шаҳри Шанхай

Эмомали Рахмон20.05.2014  Дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ширкати чинии Ҳайчен групп ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ширкат Ҳуан Ҷянжун самимона истиқбол гирифт. Шиносоӣ бо фаъолияти ин ширкати бонуфуз нахуст дар намоишгоҳи он сурат гирифт.
Зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат, аз ҷумла аз фаъолияти панҷсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.
Тавре зикр гардид, ин ширкат дар мавзеи Зарнисори Тоҷикистон бо истихроҷ ва коркарди сурбу руҳ машғул буда, то ҳол наздики 1200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин намудааст.
Ба наздикӣ аз ҷониби ин ширкат дар шаҳри Истиқлоли (собиқ Табошар) Тоҷикистон сохтмони комбинати металлургӣ ва корхонаҳои семент, кислотаи сулфат ва нуриҳои минералӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо қариб 2,5 ҳазор шаҳрвандони тоҷик бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд. Комбинати металлургӣ дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол хоҳад буд.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки сохтмони ин корхонаҳо тезонда шуда, як сол пеш аз муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шавад. Роҳбарияти ширкати мазкур бо маслиҳати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин уҳдадор шуд, ки дар омодасозии мутахассисони ин соҳаи Тоҷикистон ва ташкили гурӯҳҳои омӯзиши забони чинӣ саҳмгузор мешавад.


www.president.tj