Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар

Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар
муовини Раис

10 – уми октябри соли 1956 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1976 Техникуми индустриалии шаҳри Душанберо бо ихтисоси радиотехник ва соли 2009 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо ихтисоси муаллими физика хатм намудааст.
Дар вазифаҳои устои барқ, устои калони барқ, муҳандис, муҳандиси пешбар, сардори басти сех, сармуҳандис, директории Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ кор кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – уми ноябри соли 2005 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Ҳикматзода А. дар рушди техникии телевизион ва радиои Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Бо ширкати бевоситаи ӯ шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ бо технологияи нави рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ӯ ба сифати мутахассиси варзидаи соҳа ҷиҳати тақвияти мавҷҳои телевизион ва радио, васеъ намудани доираи пахши барномаҳо, бо фиристандаҳои ҳозиразамони телевизион ва радио таъмин намудани дастгоҳҳои пахш саҳми фаъол гузоштааст. Хизмати номбурда ҷиҳати бо таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонидани Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» низ калон аст.
Ҳикматзода А. дар баробари анҷом додани вазифаҳои хидматӣ, ҳамчунин як гурӯҳ мутахассисони соҳаро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо дар сохторҳои гуногуни радио ва телевизион хизмат намуда истодаанд.
Ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юм июли соли 2010 бо рутбаи тахассусии «Мушовири давлатии дараҷаи 1» сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, Ҳикматзода А. барои хизматҳои шоистаи бисёрсолааш дар Кумита (2001) бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.