Ахбор

ДУШАНБЕ БА ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ САБЗТАРИНИ МИНТАҚА ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД. Бардошт аз конфронси илмӣ-амалӣ дар пойтахти мамлакат

То соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он –шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конфронс бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, 22 март- Рӯзи ҷаҳонии об ва соли 2024- Соли маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин идомаи ҷонибдории иқдоми байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим ва ташвиқу тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гузаронида шуд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд

Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мо аст, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва тибқи маълумот, ин ҷашн дар рӯзгори шоҳаншаҳии ӯ оғоз гардидааст. Мутмаин ҳастам, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бистуяк ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст. Бинобар ин, Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.

Чунин нигоштааст академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш бахшида ба ин ҷашни миллии тоҷикон. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави як қатор давлатҳо эътимоднома қабул намуданд

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд

10-13 июни соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро зарур аст, ки барои иштирок дар инъикоси ин чорабинӣ дар сомонаи расмии конфронс то 20 майи соли 2024 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

Страницы