Ахбор

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
озод намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№674

САДА-НИШОНЕ АЗ ТАМАДДУНИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид

Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ муваффақ гардад. Эҳё ва густариши доманаи ҷуғрофии онҳо дар таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ифтихори ҳувияти миллӣ, муаррифии фарҳанги пурғановати миллат дар сатҳи байналмилалӣ, корбаст намудани идеяҳои инсонсозу бунёдгари арзишҳои давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи ниёгон, истифодаи ҷавҳари маънавии онҳо дар шароити кунунӣ ва шинохти чеҳраи аслии миллати тоҷик ҳамчун миллати дорои тамаддуни оламгир дар миқёси сайёра заминаи устувор гузошт.

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардиданд

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як либоси варзишӣ (футболка) бо нақшу нигори миллӣ, парчами давлатӣ ва навиштаҷоти «Эмомалӣ Раҳмон», инчунин як тӯб бо соядасти футболбозон ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа гардид.

Ба таваҷҷӯҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма!

29-уми январ соати 10:00 дар бинои Кумитаи Телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (хонаи радио) нишасти матбуотии кумита оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 баргузор мегардад.

Ҳамкасбони гиромӣ, варақаи матбуотиро метавонед, аз сомонаи расмии Кумита (ktr.tj) дастрас намоед.

Котиби матбуотии кумита
З. Қаюмзода

Страницы