Ахбор

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори хориҷӣ се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Соли 2023 байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Соли 2024 дар Тоҷикистон фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ ба 100 фоиз расонида мешавад

Соли 2023 фарогирии аҳолӣ бо пахши рақамӣ дар Тоҷикистон  ба 83, 4% расонида шуд.

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/4- ниҳоӣ баромад

Имрӯз, 28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намауда, ба даври 1/4- ниҳоӣ баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид.

Замони асосӣ бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11 метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Страницы