АШҚОБОД – БАРОДАРШАҲРИ ДУШАНБЕ. Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ соли 2017 ба имзо расида буд
Нашр шуд. Пан, 04/04/2024 - 20:087 сол қабл, 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод Созишнома дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкурро Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд, ёдовар мешавад АМИТ «Ховар» дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов субҳи имрӯз ба Тоҷикистон.