Ахбор

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд

Имрӯз, 3 апрел дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ байни ду давлат гирифта шудааст.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3 апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Наврӯз-ҷашни хуррамию шодӣ!

Истиқболи гарму самимӣ аз ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Кумитаи телевизион ва радио

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор шуд.

Дар ҳамоиши наврӯзӣ роҳбарияти кумита, масъулону доираи васеи кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар зерсохторҳо иштирок намуданд.

Нахуст роҳбарияти кумита аз хони наврӯзӣ, ҳафт шину ҳафт син, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулдузӣ, анвои нонию қаннадӣ ва дигар дастовардҳо дидан карданд.

НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад

Наврӯз ҷашни оғоз аст, оғози оғозҳост. Ҷашни офариниш, ҷашни зодрӯзи Замин, зодрӯзи  инсон, зодрӯзи Хуршед, яъне ҷашни ҷашнҳо аст.

Наврӯз ҷашни эҳё аст, ҷашни тавлиди нур ва рӯшноӣ. Ҷашни зебоӣ, ҷашни шеъру суруд, ҷашни савту дуруд, ҷашни нишоту сууд.

Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба амали террористие, ки 22 март дар Маҷмааи «Крокус Сити Холл» содир шуда буд, дар китоби таъзия аз номи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзо изҳори ҳамдардӣ навишт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Страницы