Activities calendar

23 майи 2014

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»  мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №308 аз 22-юми августи соли 2005 таъсис ёфтааст.
Фаъолияти асосии шабака истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизионие, ки барои суръат бахшидани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни демократикунонии ҷомеа, рушди муносибатҳои дӯстии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон равона гардидаанд.

Телевизиони Тоҷикистон

Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1956 сохтмони бинои телевизион ва маркази техникӣ оғоз ёфта, соли 1959 корҳои сохтмонӣ бо васли таҷҳизоти техникӣ анҷом ва ба истифода дода шуда, ба вазифаи аввалин Директори телевизиони Тоҷикистон нозири (инспектор) шӯъбаи таблиғотии КМ ҲК Тоҷикистон Обид Ҳомидов таъин шуд.