Activities calendar

28 майи 2014

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №546 аз 31 – уми октябри соли 2008 таъсис дода шуд. Телевизиони «Ҷаҳоннамо» шабакаи сартосарии иттилооти телевизиони Тоҷикистон буда, барномаҳои он бетанаффус тӯли 24 соат ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ пахш мешавад.

Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон»

Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми августи соли 2006 – ум, таҳти №350 таъсис дода шуд. Нахустин маротиба санаи 4 – уми сентябри соли 2006  - ум барномаҳои худро пахш кард.