Activities calendar
11 июни 2014
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Латвия
Нашр шуд. Чор, 11/06/2014 - 09:17Душанбе, 10.06.2014 - Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Латвия дар музокироти расмии сатҳи олӣ идома ёфт.
Гуфтугӯйи доманадори судбахш доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи глобалии зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.
Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон
Нашр шуд. Чор, 11/06/2014 - 09:16Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат ёфт. Барои истиқболи расмӣ аз меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиншро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Махфират Ҳамроқулова – ситораи эстрадаи Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Амрико
Нашр шуд. Чор, 11/06/2014 - 08:09«Махфират Ҳамроқулова – ситораи эстрадаи Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Амрико» -чунин ном ниҳодааст гузориши худро хабарнигори рӯзномаи «Комсомольская правда» (Русия) Алексей Осипов дар шаҳри Ню-Йорки Амрико. Сабти аудиоии сӯҳбати ин хабарнигорро, ки дар барномаи радиоии ӯ дар Нью-Йорк бо номи «Аз забони ситораҳо» садо додаст, дар сомонаи интернетии Samaratoday.TV метавонед истимоъ намоед.
ҶСК «Телерадиоком»
Бо фармони Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №71 аз 27.09. соли 1973 номи Маркази радиошунавонии Республикаи Тоҷикистон ба Узели Республикавии Радиошунавонӣ ва Алоқаи радиоӣ табдил дода шуд.
Бо фармони Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №58 аз 7 - уми апрели соли 1988 Узели Республикавии Радиошунавонӣ ва Алоқаи радиоӣ ба Иттиҳодияи истеҳсолии алоқаи радиоӣ, радиошунавонӣ ва телевизион мубаддал карда шуд.