Activities calendar

16 июни 2014

Филми "Марзбони Ватан"

Дар Киностудияи давлатии «Точикфилм» бахшидаба 20-солагии қушунҳои сарҳадӣ,  наворбардории филми мустанади «Марзбони Ватан»дар таҳия ва танзими Т. Раҳматуллоев ва Г. Элбаум ба анҷом расида, манзури бинандагон гашт.
Қобили зикр аст, ки филм бо супориши қушунҳои сарҳадии

Филмҳои ҷадиди Тоҷикфилм

Имрӯзҳо дар Каностудяи давлатии Тоҷикфилм наворбардории чанд филми ҳунарӣ шурӯъ гардидааст. Аз он ҷумла, филми ҳунарии «Муаллим» дар режиссиёрии Н.Саидов, дар Зиддӣ ба навор гирифта мешавад.
Филми дигар бо номи «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф», ки дар деҳаи Вешабини ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ мегардад. Режиссиёрии  филми мазкур Б. Сайфиддинов  ба ӯҳда дорад.
Наворгирии силсилафилми ҳунарии «Як ҷаҳон аз ману ту» дар режиссиёрии М. Сатторӣ ба пуррагӣ анҷом гирифт, ки рӯзҳои наздик манзури тамошобинон хоҳад гардид.

Ансамбли рақсии «Гулрез»

Ансамбли рақсии «Гулрез»  моҳи ноябри соли 2000 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Нахуст роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбл ҳунарпешаи халқии Қароқалпоқистон Ҷамила Охунова (солҳои 2000 – 2003) буд. Аъзоёни ансамбл аз ҳисоби хонандагони иснфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки бо тариқи озмун қабл шуда буданд, иборат буд.

КД “Тоҷикфилм”

Таърихи кинои тоҷик хело бою рангин мебошад ва ҳаёти дирӯзаю имрӯзаи Тоҷикистони азиз ба он сахт иртибот дорад. Кинои тоҷик аз рӯзҳои  аввали  таъсисёбиаш,  чун як падидаи инқилобӣ, мардуми зери  ҷаҳолату ҳуруфотмондаро аз асорати тафаккури  асримиёнаӣ раҳо кард ва инсонро ба асри  пирӯзии хирад,  табадулот, корҳои  созандагӣ ва  амалҳои накӯ ҳидоят сохт.

КВД КВ “Тоҷиккино”

Аз рӯи нигоштаи  таърихнигори  кинои тоҷик А. Аҳроров кинотеатри  аввалин  дар пойтахти  Тоҷикистон ҳанӯз  соли  1927 фаъолияташро оғоз бахшидааст. Онро Исмоилов ном шахс дар бинои одии похсагӣ  таҷҳизонида аст. Аввалин филме, ки сокинони ҳамонвақтаи Душанбе  тамошо карданд, филми  Фритс Линг «Нибелунг» (истеҳсоли соли 1924) будааст. Вале  бо сабабҳои  мухталиф ин кинотеатр баъди  фаъолияти нимсола корашро қатъ кардааст. Ба ақидаи  муҳаққиқи дигар Л.

Радиои Тоҷикистон

10 – уми апрели соли 1930 нахустин бор садои радио бо ибораи «Диққат, диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ  Хонаи деҳқон – макони имрӯзаи театри ба номи Маяковский дар фазои пойтахти Тоҷикистони ҷавон танин андохт. Рӯзҳои 10 – 11 – уми апрел гуфторҳо бо пахши  радиогазета ва нашри ахбор (то панҷ дақиқа) анҷом меёфтанд.

Шабакаи «Овози тоҷик»

Шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик»,  ки қаблан ҳамчун идораи барномаҳои бурунмарзӣ фаъолият дошт, моҳи октябри соли 1949 бо ташаббус ва дастгирии  академик Бобоҷон Ғафуров рӯи кор омад. «Овози тоҷик»  беш аз 60 сол аст, ки барои ҳамзабонони бурунмарзӣ ва шунавандагони гуногунзабони худ барномаҳо таҳия мекунад. Бояд гуфт пахши идораи барномаҳои бурунмарзӣ як воқеи муҳим ва ҷолиби охири солҳои 40-ум ва 50-уми асри гузашта дар таърихи радиои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Идораи телевизион ва радиои ВМКБ

 Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як бахши кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. То соли 1975 танҳо радио фаъол буд. Моҳи апрели соли 1991 дар ВМКБ телевизиони маҳаллӣ таъсис дода шуд, ки минбаъд ҳам тариқи телевизион ва ҳам радио барномаҳо пахш мешуд.
Соли 2010 бо кӯмаки Кумитаи телевизион ва радио дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ як бинои дуошёна бо таҷҳизоти муосири рақами барои кормандони телевизиони маҳаллӣ дода шуд.