Activities calendar

18 июни 2014

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

Тафсилоти бештари масоили вобаста ба рушди ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.
Бо изҳори ҳавасмандӣ ба тавсиаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зарурати саҳл намудани имконоти ҳамлу нақл ва транзитӣ, дарёфти роҳҳои нави иртиботӣ таъкид гардид.

Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон

Барномаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
Барои анҷоми ин маросим дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ

Ансамбли давлатии «Шашмақом»

Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов мебошад. Ин ансамбл аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён аст, ки соли 1947 дар назди Радиои РСС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши босазо гузоштааст.

Ҳисоботи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2014

      Ҳисоботи Раиси
  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон А. Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали
          соли 2014  ва  вазифаҳо  барои давраҳои  минбаъда