Activities calendar

26 июни 2014

Паёми табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!
Ҳабдаҳ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.