Activities calendar

26 июли 2014

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

26.07.2014  шаҳри Душанбе
Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии

Паёми телевизионӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони азиз!
Рӯзи бисту ҳаштуми июл моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи тоату ибодат ва мағфирату бахшиш анҷом меёбад ва барои тамоми мусулмонони олам иди саиду мубораки Фитр фаро мерасад.
Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо яке аз суннатҳои бисёр муқаддаси динӣ ба шумор мераванд, зеро онҳо таҷассуми беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, раҳму шафқат, некиву накӯкорӣ ва дигар аъмоли

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Бародари азиз,
Хабари ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии Алҷазоир ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо андӯҳи бузург хабари садамаи фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Алҷазоирро дар наздикии шаҳри Гаои Ҷумҳурии Малӣ, ки муҷиби марги теъдоди зиёди мусофирон гаштааст, дарёфт намудам.