Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф
Нашр шуд. Пан, 14/08/2014 - 17:46Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар ба ман имкони хуберо фароҳам меоварад, ки табрикоти самимии хеш, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми