Activities calendar

19 августи 2014

Барқияи табрикӣ ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷалолатмаоб,
Ниҳоят хушнуд ва масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Афғонистонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – 95-умин солгарди истирдоди истиқлоли давлатии Афғонистон – сидқан табрику таҳният намоям.