Activities calendar

18 октябри 2014

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 90-ум аз таъсиси шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи солгарди 90-ум аз таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони мақомоти олии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон ва меҳмонони воломақоми хориҷӣ ба толор оғоз ёфт.
Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев

Суханронӣ ба ифтихори 90 - солагии ба мақоми пойтахт соҳиб шудани шаҳри Душанбе

Дӯстони азиз!
Меҳмонони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Миллати тамаддунсози мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ фарҳанги ғаниву рангини маънавию моддӣ, афкори камназири фалсафӣ, адабиёти оламшумул, санъати нодири шаҳрсозӣ ва ҳунармандиву меъмориро ба вуҷуд оварда, ба ганҷинаи тамаддуни башар саҳми басо арзишманд гузоштааст.
Мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки амалҳои созандаву бунёдкорона ва