Activities calendar

27 октябри 2014

Барқияи табрикӣ ба Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулович,
Аз самими қалб Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми туркманро бо солгарди иди миллии Туркманистон табрик мекунам.
Дар Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои мо эҳтироми беандоза қоиланду

Мулоқот бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош

Дар суҳбат бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: -“Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷонибаи худ бо Амороти Муттаҳидаи Араб қаноатманд ҳастем ва омодаем, ки барои таҳкиму густариши бештари онҳо саъю талош варзем”.
Зикр гардид, ки Аморот дар байни кишварҳои араб имрӯз шарики бузургтарини тиҷоратии

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир

Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва робитаҳои судбахши Тоҷикистону Мамлакати Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмими Подшоҳи Арабистони Саудиро доир ба тавсиаи навини Ҳарамайни Шарифайн (шаҳрҳои Маккаю Мадина) “ташаббуси судманд барои кулли уммати исломӣ” номид ва ҳамчунин аз

Мулоқот бо Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ

Зимни мулоқот бо Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки исломии рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари америкоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои

Мулоқот бо Дабири куллии Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири куллии Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи

Иштирок дар нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

Имрӯз дар Кохи Сомони Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ кори худро оғоз намуд.
Анҷумани мазкур дар чаҳорчӯби Нақшаи кории СҲИ барои Осиёи Марказӣ баргузор гардида, дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши сатҳи камбизоатӣ