Activities calendar

04 декабри 2014

Мулоқот бо Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимиро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистони ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеш аз