Activities calendar

08 майи 2015

Паёми табрикӣ ба ифтихори таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Меҳмонони гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
Рӯзи 9-уми май ба пирӯзии бузург бар фашизм 70 сол пур мешавад. Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад.