Activities calendar

12 майи 2015

Иштирок дар консерти бошукӯҳи Шашмақом

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Барномаи дилошӯби бахшида ба Рӯзи Шашмақом бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толори зебою мунаққаши театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.
Дар консерти идона ҳунармандони ансамбли давлатии Шашмақом ба номи Фазлиддин