Activities calendar

09 июни 2015

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Аз ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони

Суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015

Муҳтарам Сарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳо!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Пан Ги Мун!
Иштирокдорони гиромии конфронс!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, ҳар яки шуморо дар сарзамини меҳмондӯсти тоҷик хайра мақдам мегӯям ва барои иштирокатон дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»

Субҳи имрӯз дар Кохи Сомони бустонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ба кор худ оғоз намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф

Оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аст. Конфронси байналмилалӣ, ки аз 9 то 11-уми июн дар Душанбе баргузор мегардад, имрӯз, 9-уми июн ба кори худ оғоз менамояд.  
Чорабинии мазкур як навъ талошест баҳри дастёбӣ ба рушди устувори захираҳои об ва он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ ва дигар шарикони рушд дар мутобиқат бо қатъномаи Маҷмааи умумии СММ аз 19-уми декабри соли 2014 доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 роҳандозӣ мегардад. 
Ҳадафи асосии конфронс- ин арзёбии пешравиҳо дар дастёбӣ ба аҳдофи Даҳсола ва муайянсозии

Дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015

Имрӯз, 9 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 кори худро оғоз менамояд, ки 10-11 июн идома хоҳад ёфт.
Тавре аз вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронс бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ мегардад. Дар чаҳорчӯби маросими ифтитоҳии Конфронс ҳамчунин Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Роҳбари Ҳукумати Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло, Сарвазири