Activities calendar

16 июли 2015

Иди саиди Фитр муборак

Иди саиди Фитр муборак
Моҳи шарифи Рамазон моҳи муборак, саховат, ҷавонмардӣ ва сабру таҳаммул буда, дар сохтани шахсият мактабест бузург.
Ҳамватанони азиз, фарорасии иди саиди Фитрро ба ҳамаи Шумо ва кулли мусулмонони дунё табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати беҳисобро орзу менамоям.
Иди саиди фитр муборак, ҳамватанони азиз!
 

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди саиди фитр

Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи рамазон, ки моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат ба ҳисоб меравад, бо шукри осоишу осудагӣ сипарӣ гардид ва фардо Иди саиди фитр фаро мерасад.
Фарорасии ин иди саидро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли мусулмонони дунё табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешумор орзу менамоям