Activities calendar

29 июли 2015

Гузоштани санги асоси бунёди НБО “Себзор” ва мулокот бо сокинони ноҳияи Роштқалъа

Дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асоси бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар саросари кишвар бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обиро ба роҳ мондааст.