Activities calendar

31 июли 2015

Натиҷаҳои сафари корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

31 – уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ, ки аз 28-ум то 31 июл дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дошт, ба шаҳри Душанбе баргашт.
Дар ҷараёни ин сафари бобарори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд, зеро Президенти мамлакат дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Сараввал ба тамоми мардуми заҳматкашу меҳмоннавози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ миннатдорӣ иброз намуда, ба хонадони ҳар як сокини вилоят иқболи нек, хонаи обод ва сарбаландиву шодмонӣ орзу менамоям.
Рӯзи чорум аст, ки мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо раванди иҷрои дастуру супоришҳои