Activities calendar

31 августи 2015

Суханронӣ дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мо имрӯз ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, шурӯъ намудани тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили  70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр, ки аз қадимӣ

Тантанаҳои асосии таҷлили 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Нимаи дуюми рӯзи 31 август Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700  - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Боғи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
Тавре иттилоъ додем, ҷашни 700 - умин солгарди зодрӯзи ин мутафаккир бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мешавад ва ин як нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аз гузаштагони

Шиносоӣ бо корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ дар шаҳри Кӯлоб

Аз маҳалли бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи кор ба корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ ташриф овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳи коркарди шир, ки бо хати нави технологӣ муҷаҳҳаз шудааст, бо пахши тугма ба фаъолияти он асос гузошт.
Дар ин коргоҳ 12 нафар занону духтарон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуда, дар як шабонарӯз 10 тонна шир коркард шуда, бештар

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои омӯзгорони Мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб

Баъди ба истифода супоридани меҳмонхона дар маркази шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Ориёно ташриф овард.
Дар ин ҷо омӯзгорон ва толибилмони муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар шафати бинои асосии

Ифтитоҳи Меҳмонхонаи Чанор дар шаҳри Кӯлоб

Баъди ифтитоҳи бинои замонавии Нозироти андози Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр Меҳмонхонаи Чанорро барои 100 ҷой ифтитоҳ намуд.
Сохтмони меҳмонхона аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Комил-2010» ба анҷом расида, бо тарҳи муосир бунёд шудааст. Барои бунёди таҷҳизонидани меҳмонхона беш аз 46 миллион сомонӣ сарф гардид. Бино бо таҳхона ва мансард аз 13 ошёна иборат мебошад.
Акнун баъди бунёди меҳмонхона зиёда аз 100

Ифтитоҳи бинои нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб

Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои панҷошёнаи нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб иштирок кард. Дар сари роҳ Сарвари давлатро сокинони шаҳр хеле гарму самимиӣ бо рақсу суруд пазироӣ карданд.
Сарвари давлат ба сару либоси бонувони ин шаҳри бостонӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба гиромидошти анъанаҳои неки аҷдодӣ ва риояи расму ойинҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз бегонапарстӣ ҳидоят кард

Ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб

Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомали Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои замонавии хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти нав барои 400 нафар курсант пешбинӣ шудааст. Барои бунёди бинои хобгоҳ ва таъмиру таҷдиди коллеҷи милитсия дар маҷмӯъ 5 миллиону 620 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст

Гузоштани санги асос ба сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ санги асос гузошт.
Тибқи лоиҳа хобгоҳи мазкур аз 5 ошёна иборат буда, бояд барои 458 нафар сохта мешуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки барои пурра таъмин кардани донишҷӯён бо хобгоҳ боз 2 ошёнаи дигар илова карда шуда, шумораи хонаҳо ба 700 адад

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб

Варзишгарон ва ҷавонони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Варзиш дар ҳама давру замон, бахусус дар шароити мураккабу пуртазоди ҷаҳони имрӯза ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳимми таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим эътироф гардидааст.
Аз ин рӯ, мо дар сиёсати худ варзишро ҳамчун рукни муҳимми солимии ҷомеа қабул намуда

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат имсол 700 - солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн мегиранд, оғоз гардид.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ азнавсозӣ карда шуд

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб

Субҳи рӯзи 31 августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр бо сафари корӣ ба шаҳри