Activities calendar

01 сентябри 2015

Сайераи хурди системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистон номгузорӣ гардид

Имрӯз  дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ Президенти Академияи Илмҳои Ҷумҳурӣ Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Шаҳодатномаи расмиро доир ба номгузорӣ гардидани Сайераи хурди системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистонро супорид. Қарори мазкур соли ҷорӣ боназардошти саҳми назарраси олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии астрафизикон қабул гардидааст.

Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

1 - уми сентябри соли 2015 рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ, ки ба таҷлили 70 - солагии Донишгоҳ рост омадааст, иштирок кард.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои боҳашамату замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ифтитоҳ

Суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.