Activities calendar

14 сентябри 2015

Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Президенти Арманистон

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян мулоқот намуд.
Сарони ду давлати дӯст атрофи рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш табодули назар намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон Серж Саргсянро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуд, ки

Александр Лукашенко барои иштирок дар ҷаласаи СААД ба Тоҷикистон омад

Бегоҳии имрӯз  Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ фардо, 15 сентябр дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард. 
Президенти Беларус Александр Лукашенкоро дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии

Ташрифи Президенти Арманистон ба Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.
Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Президенти Арманистон Серж Саргсянро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр дар Душанбе

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алмазбек Атамбаев

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф овард,  мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии наку ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози суҳбат

Президенти Қирғизистон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СААД вориди Душанбе шуд

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе гашт.
Дар «Фурудгоҳи бао Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Арманистон Серж Саргисян, Белорус Александр Лукашенко

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомал

Изҳорот барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Қисмати музокироти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Абишевич Назарбоев дар Тоҷикистон ба анҷом расид.
Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои аввали сафар қаноатманд аст.
Ин сафари Нурсултон Абишевич ба кишвари мо дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон саҳифаи навро боз менамояд.

Тақвияти муносибот миёни Тоҷикистону Қазоқистон

Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
 Дар доираи ин сафар пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пояи муҷассамаи   асосгузори нахустин давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. 

Имрӯз сарони давлатҳои СААД вориди Душанбе мешаванд

Нимаи якуми рӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.
Интизор меравад, ки пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки миёни Президенти Ҷумҳурии